Бо қабули Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990, Ҷумҳурии мо ба марҳилаи нави давлатдории ҳуқуқбунёди демократӣ, шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ ворид гардид.
Давлати Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 соҳибихтиёр эълон ва аз тарафи аксар кишварҳои дунё ҳамчун кишвари соҳибихтиёр шинохта шуд. Моҳи ноябри соли 1992 Қарори иҷлосияи 16-умӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани сохти Конститутсиони ва тартиботи ҷамъияти замина гузошт.
Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон гуруҳбозӣ ва майдоннишинӣ оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар натиҷаи нооромиҳо ва ҷангҳои мусаллаҳҳона зиндагии осоиштаи мардум халалдор гардид, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонида шуд. Мутахассисони варзида тарки Ватан намуданд. Дар фазои нооромӣ ҳамватанони мо дар натиҷаи задухурдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Мардуми осоишта хонаву манзили худро тарк намуда, дар кишварҳои ҳамсоя гуреза шуданд.
Хушбахтона, ақли солим ва нияти сулҳҷуёна дастболо шуду дар Иҷлосияи Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кониститутсионӣ таъсис ёфт ва фарзанди баруманди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвари давлати миллии тоҷикон интихоб шуд.
Маҳз бо шарофати кушишу заҳматҳо ва ҷасорату шуҷоати Президенти кишварамон ҳокимияти давлатӣ дубора барқарор шуд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кори худ барои таъмини амният ва риояи конуният рӯ оварданд.
Дар сатҳи давлатӣ, сиёсати мусолиҳаи миллӣ ва гуфтушуниди байни тоҷикон шуруъ шуд. Дар натиҷаи чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуданд, дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии Сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Дар имзои ин созишнома саҳми Созмони Миллали Муттаҳид ва давлатҳои бо мо дусту бародар хеле намоён аст.
Гирди як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам мухолиф, муяссар шудан ба сулҳу субот ва ноил гаштан ба ваҳдати миллӣ кори осон набуд.
Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мардуми мо тавонист, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рӯшди онҳо оғоз намоем.
Ҳадафҳои стратегии давлат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳои ёфтан аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодаанд.
Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон 22 сол мешавад.
Бесабаб нест, ки Созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир ва бо арзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлуқа тела медиҳад.
Пойдории давлат ва бақои он, оромию осоиштагии ҷомеа, ҳаёти хушу хуррами мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонҳо, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту идораҳо ва таъмини волоияти Қонун ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвасти ногустанӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зарурияти ислоҳоти судиро таъкид намуда, масъалаи таҳия ва пешниҳоди барномаи нави мукаммали соҳаро барои солҳои минбаъда ба миён мегузорад.
Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо дар судҳои ҷумҳури сомонаҳои интернетӣ кушода шудаанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Агар қонунҳои ҷумҳури ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунад, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунанд.
Ба ҳар як шохаи ҳокимият дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Конститутсия вазифаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон вогузор карда шуда, нишонаи олии он ин ҳифзи судии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Зеро дар сурати риоя нашудани ин ҳуқуқҳо аз ҷониби дигар мақомотҳо, шахс метавонад бо истифода аз ҳифзи судӣ, шохаҳои дигари ҳокимиятро уҳдадор намояд, ки ин ё он амалеро, ки ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро маҳдуд ва ё поймол намудааст, бартараф намояд.
Сохтори дигаре, ки низоми судии Тоҷикистонро устувору неруманд мекунад ва дар таъмини волоияти Қонун фаъолона ширкат мекунад, ин Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд қайд кард, ки судҳои иқтисодӣ ҳам самараи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти асосии иқтисодиёт ва низоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадаанд.
Ҳокимияти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ҷумҳури Барномаи ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин Барномаи чоруми ислоҳоти суди-ҳуқуқӣ бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эхтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ, баррасии саривақтии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судӣ ва ба низоми электрони гузаштани судҳо тадриҷан ташаккул меёбанд. Ҳоло бо шарофати пойдории сулҳу субот ҳокимияти судӣ имконияти ҳифзи ин дастовардҳоро дорад.
Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки бархурдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳи далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.
