Таъиноти кадрӣ дар судҳои иқтисодӣ

Имрӯз дар асоси фармон ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Чи тавре, ки Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муминзода Қутбиддин Қурбоналӣ, дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳимзода Хисрав Абдураҳмон ва дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Наимзода Бахтиёр Раҳмоналӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

 

Напечатать страницу Напечатать страницу