Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд

Тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишварамон санаи 26 декабри соли 2018 иброз намуданд, авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.

Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд.

Дар ин робита, Пешвом миллат, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари созмонҳои баланд таъкид намудаанд, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Дар Ҷумҳурии мо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 таҳти №845 ва  «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8-декабри соли 2003 таҳти №69 қабул гардидааст.

Мақсади асосии Қонунҳои мазкур, ошкор кардан, пешгирӣ кардан ва қатъ намудани фаъолияти терористӣ ва ифротгароӣ мебошад.

Ба ҳамаи ин мушкилотҳо нигоҳ накарда соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.

Бинобар ин ҳар яки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ шукрона кунем ва Ватани маҳбубамонро дӯст дорем.

Оиди пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва вазифаҳои минбаъда барои бартараф намудани камбудиҳои дар пешистода, ки дар Паём ироа гардид Муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А.С., судяҳои ҳамин суд Мирзозода П.Т., Темурзода Ш.С., Қаландарзода М. ва мутахассиси пешбар Дамонзода Ғ.Р. бо кормандон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ, вакилони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат ороста, ба саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас доданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу