Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конферонси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он судяи Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Нурулло иштирок намуда дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар таҳкими адолати иҷтимоӣ” баромад намуданд.
Дар кори конфронс олимони маъруфи марказҳои бонуфузи илмӣ-таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, ходимони давлатӣ, мутахассисон, инчунин намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатй ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Баромади судяи суди Олии иқтисодӣ Нуруиддини Нурулло дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар таҳкими адолати иҷтимоӣ”
Напечатать страницу