Ҳолати иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси ваеъи Суди Олии иқтисоди мавриди муҳокима қарор дода шуд

Имрӯз  дар Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе  маҷлиси васеъ доир гардид.

Дар маҷлис нахуст маълумотномаи санҷишии гурӯхи кории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди муовини директори Агентӣ доир ба ҳолати иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 тасдиқ гардидааст, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ диққати муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо барои андешидани тадбирҳо бобати иҷрои саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегия ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки  доир ба масъалаҳои хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳо, дуруст ва аз рӯи муқаррарот ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнат, рухсатиҳои меҳнатӣ ва пардохтҳои корношоямӣ, сафархарҷиҳо ва банақшагирии хароҷотҳо диққати махсус зоҳир карда шавад.

Бо мақсади пешгирӣ ва роҳ надодан ба пайдоиши омилҳои коррупсионӣ, ошкор ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳое, ки ба омилҳои коррупсионӣ шароит фароҳам меоранд чораҳои дахлдори дар қонун пешбинигардидаро андешида, иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия ба пуррагӣ таъмин намуда, бо натиҷаи ҷамъбасти ҳар сол ҷиҳати пешниҳоди маълумоти дақиқи сохтори судҳои иқтисодӣ ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.

Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндаи Агентӣ сардори Раёсати таҳлили муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ аз натиҷаи санҷиш оид ба ҳолати иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 маърӯза намуд.

Ғайр аз ин, тибқи рӯзномаи маҷлис вохӯрии судяҳои Суди Олии иқтисодӣ бо экспертҳои Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ оид ба ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта марбут ба таъин ва гузаронидани экспертизаҳои судӣ, муҳлати иҷрои он суҳбатҳо ороста, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт таклифҳои мушаххас манзур гардиданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу