Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода Мавлуда кормандоро бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода Мавлуда бахшида ба рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

             Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», ки 5 октябри соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, марҳилаи беш аз бистсолаи татбиқи Қонуни забонро, ки 22 июли соли 1989 қабул гардида буд, ҷамъбаст намуд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Қонуни забон вазифаи таърихии худро иҷро карда барои ба забони давлатӣ табдил ёфтани забони модарии мо заминаӣ мустаҳкамеро фароҳам овард.

Дар даврони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон сиёсати давлатӣ нисбат ба забон куллан тағйир ёфт. Барои пешрафти забони адабии тоҷик шароити мусоиди қонуни ва сиёсӣ ба вуҷуд омад. Таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба инкишоф ва рушди забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар суханрониҳояшон дар бонуфузтарин минбарҳои созмонҳои баӣналмилалӣ, борҳо ифода ёфтааст.

Аз ном ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Тоҷикистон танзим менамояд.

Ба мақоми давлатӣ соҳиб шудани забон (моддаҳои 2 ва 5 Қонун «Дар бораи забони давлатӣ») чунин маънӣ дорад, ки дар ҷумҳурӣ тамоми коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо забони тоҷикӣ анҷом дода мешаванд.

Ҳамзамон, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории забони тоҷикӣ, истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, риояи ҳатмии меъёрҳои забони адабӣ ва бисёр масъалаҳои муҳими дигар, ки барои инкишофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар солҳои оянда пояҳои ҳуқуқии бунёдиро таъмин менамояд, дарҷ шудааст. Аз ҷумла, яке аз масъалаҳои бисёр муҳим дар сарнавишти забон, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ аст. Банди 6 моддаи 3 Қонуни мазкур маҳз ба ҳамин масъала бахшида шудааст: «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад».

Назорати риояи имлои забон ва бисёр масъалаҳои дигари вобаста ба истифода, нигоҳдорӣ, ҳимоя ва рушду густариши забони давлатӣ ба зиммаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 октябри соли 2009 таьсис ёфтааст, вогузор карда шудааст.

Гарчанде имрӯзҳо дар мақомоти судии ҷумҳурӣ коргузорӣ пурра бо забони давлатӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, вазъи истифодаи забони давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Риоя нагардидани меъёрҳои забон ва имлоӣ он ҳангоми таҳияи санадҳои судӣ, махсусан истифодаи номавзуни калимаҳо, ҷой доштани калимаю ибораҳои барои забони тоҷикӣ бегона, аз он шаҳодат медиҳад, ки зимни таҳияи ҳуҷҷатгузорӣ ба камбудиҳо роҳ дода мешавад.

Дар иртибот ба гуфтаҳои боло бояд қаӣд кард, ки тибқи талаботи моддаи 89 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ барои риоя накардани талаботи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои шахсони мансабдор ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст.

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки дар иҷрои бечунучарои Қонуни мазкур, ки дар як вақт иҷрои он ҳисси ифтихори милливу қарзи шаҳрвандӣ мебошад, саҳлангорӣ накарда, дар ҷомеа намунаии ибрат бошем.

Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамаи шуморо табрик гуфта дар амалишавии ҳадафҳои созандаву бунёдкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдбориҳо таманно дорам.

Напечатать страницу Напечатать страницу