Имрўз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2018 машғулияти семинарии навбати доир гардид.
Дар семинари мазкур, ки бо раисии муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир баргузор гардид, судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Дар корӣ семинар Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Одиназода Ҷонфидо дар мавзӯи “Баррасии парвандаҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ, муҳлати иҷро, ба таъхирандозӣ ва баргардонидани варақаи иҷро”, Судяи Суди Олиии иқтисодӣ Камолзода Раҳматулло дар мавзӯи “Истеҳсолот оид ба аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокарда аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоршуда”, Судяи Суди Олии иқтисоди Раҷабзода Парвина дар мавзӯи “Омӯзиши қарори плениуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2003 №2 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо дар судӣ марҳилаи якум”” маърӯзаҳо намуданд
Ҳамчунин дар рафти семинар иштирокчиён доир ба мавзўҳои зикргардида, баҳсу мунозира намуданд ва сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардиданд.
Марказӣ матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу