Cанаи 16-20 сентябри соли ҷорӣ Ғоибов Ғоиб Ҷурабоевич – мутахассис оид ба иттилооти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия сафари хизматӣ анҷом доданд.
Мақсади сафар шиносоӣ бо таҷрибаи фаъолияти ҳокимияти судии Федератсияи Россия дар самти “Дастрасӣ ба иттилооти судӣ”, омӯзиши фаъолияти маркази матбуотии суди шаҳри Санкт-Перетбург ва Суди Олии Федератсияи Россия, фаъолияти марказҳои матбуотии судҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин ба роҳ мондани мубодилаи ҳуҷҷатгузории электронӣ байни судҳоро дар бар мегирифт.
Дар натиҷа, ҳайати гуруҳ бо фаъолияти Низоми автоматикунонидашудаи давлатии “Правосудие” ва портали интернетии он, инчунин бо фаъолияти марказҳои матбуотӣ ва дастрасии санадҳои судӣ дар шакли электронӣ шиносои пайдо намуда, Қонуни Федератсияи Россия №262-ФЗ аз 2008 “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар Федератсияи Россия”, ки танзимкунандаи самти мазкур мебошад, шинос шуда, мавриди омӯзиш қарор доданд.
Ғайр аз ин, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо байни судҳо барои истифодаи дохилӣ ва махзани ягонаи санадҳои судӣ, низ мавриди таваҷҷуҳи гуруҳи кори қарор гирифт.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу





