Имрӯз да толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Асосгузори Сулҳ у ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида шуд, баргузор гардид.
Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои содиқона дар мақомоти судӣ ба – Ҳусейнзода Фируза Абдураҳмон – Сардори шуъбаи когузорӣ ва назорати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷкистон сарфароз гардонида шуд.

Дар маросими супоридани ифтихорнома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ифтихорномаро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, супорида, дар баробари он ҳамаи кормандони судҳои иқтисодиро ба муносибати 27 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки санаи 30 августи соли 2018 Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба судяи суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Темурзода Шамсидди бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шуд
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу


