Вохӯрии роҳбарияти суд бо фаъолони ҷамоатҳои деҳоти Ӯлҷабоев  ва Истиқлоли ноҳияи Спитамен

4 августи соли 2018 роҳбари дастгоҳи суд тибқи супориши роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар  ҷамоатҳои деҳоти Ӯлҷабоев  ва Истиқлол бо фаъолон ин ҷамоатҳо  вохӯрӣ  баргузор намуд.

Зимни вохӯриҳо қайд карда шуд, ки бо амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   аз 22 майи соли  2018, таҳти № АП-1059  роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ  ба ҳайси роҳбари гуруҳи корӣ бо мақсади анҷом додани  корҳои ободонию созандагӣ ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вобаста карда шудаанд.

Ҳамчунин,  бо қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен нақшаи се солаи Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ва нақшаи чорабиниҳои  ҷамоатҳои  ноҳия  оид ба ташкили корҳои ободониву бунёдкорӣ, гулкорию кабудизоркунӣ, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст.

Бинобар ин, таъкид гардид, ки корҳои лоиҳакашӣ вусъат дода, дар байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ  вобаста ба  расонидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар гардонида, барои саҳмгузорӣ ба ободии маҳалли  худ даъват намуда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда чораҳои дахлдор  андешанд.

Инчунин қайд карда шуд, ки  байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои ноил шудан ба дастовардҳои баланди меҳнатӣ мусобиқа эълон карда шуда, ғолибон қадршиносӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ,  лоиҳаҳои иншоотҳо замонавӣ  ва    корҳои сохтмонӣ босифат бояд иҷро карда шаванд.  Баъд аз анҷоми  вохӯриҳо аз якчанд иншоотҳои сохташаванда ва бинои мухталифи иҷтимоию фарҳангӣ, ки айни ҳол таъмирашон идома доранд, боздид ба амал овардашуд.

Иҷрои корҳои ба нақша гирифта  идома дорад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу