Натиҷаи нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 (маълумоти пурра)

Бобати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти № АП-1729 ва Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 июли соли 2018 тасдиқ гардидааст, 26 июли соли 2018 нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Шоназаров С.А., роҳбарият, муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва намояндагоди матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии «Ховар», Агентии иттилооти «Азия плюс», Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Сафина», «Ҷаҳонамо», Рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Минбари халқ», «Народная газета», «Азия Плюс», «Вечерный Душанбе», «Халқ овозӣ», «Ҷавонони Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Илм ва ҳаёт», «Бонувони Тоҷикистон» ва Радиоҳои «Ховар», «Озодӣ» баргузор гардид.

Қабл аз оғоз гардидани нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оиди фаъолияти кори судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи якуми соли 2018 маълумотномаҳо (прес-релиз)  пешниҳод карда шуд.

Нишасти матбуотиро Раиси Суди Олии иқтисодӣ оғоз намуда, доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ бобати ба амал баровардани адолати судӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 ба намояндагони воситаҳои ахбори омма маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Аз ҷумла қайд гардид, ки судҳои иқтисодӣ бобати амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсиониашон дар пешбурди адолати судӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ уҳдадориҳои давлатро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат таъмин менамоянд.

Ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи васеъ омӯзиш гардида, бобати ба аҳолӣ фаҳмонида додани нуқтаҳои асосии Паём судяҳои судҳои иқтисодӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат зимни мулоқот бо кормандони мақомоти прокуратура Суди Олии иқтисодӣ дар соли равон таҷрибаи баррасии парвандаҳои иқтисодиро доир ба баҳсҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд таҳлил намуда, бо дар назар доштани тамоили зиёдшавӣ шумораи парвандаҳое, ки аз муносибатҳои замин бармеоянд, бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ, адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои вобаста ба замин бармеоянд» мизи мудаввар гузаронида, омӯзиши таҷрибаи татбиқи қонунгузории замин дар мақомоти давлатӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин, мушкилиҳои дар амалия ҷойдоштаро муҳокима намуда, бобати роҳҳои ҳалли он пешниҳодҳо доир ба такмили қонунгӯзорӣ ба Ҳукумати мамлакат манзур карда шуд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ Пленуми Суди Олии иқтисодӣ баргузор карда шуда, бобати бо қонунгузорӣ мутобиқгардонӣ ва мушаххас тавзеҳ додани меъёрҳои қонунҳои моддиву мурофиавӣ Қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 23 апрели соли 2004 “Дар бораи баъзе масъалаҳои вобаста ба шартномаи маҳсулотсупорӣ”, таҳти №3 аз 18 октябри соли 2013 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ”, аз 18 октябри соли 2013 таҳти №4 “Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди марҳилаи назоратӣ”, аз 16 декабри соли 2014 таҳти №1 “Дар бораи баррасии парвандаҳо бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда” бо ворид намудани тағйиру иловаҳо такмил дода шуданд.

Бобати баланд бардоштани дараҷаи касбию зеҳнӣ, дониши ҳуқуқӣ, одобу муоширати касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо охири ҳар моҳ машғулияти семинарӣ доир ба мавзуҳои муҳим баргузор гардида, инчунин камбудиҳо ва мушкилиҳои ҷойдошта, сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, диққати иштирокчиён ба татбиқи дурусту ягонаи меъёрҳои қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ ва ҳолатҳои коррупсионӣ ҷалб карда шуд.

Дар амал татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Тибқи банди 80-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ аз 20 апрели соли 2011 зикргардида, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 апрели соли 2011 таҳти №200 тасдиқ шудааст, аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ 392 (201) нафар ва раисони судҳои поёнӣ қабули 141(350) нафар шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе ба роҳ монда, арзу муроҷиатҳо шунида, ҳаллу фасл гардиданд. Аз ҷумла, аз ҷониби муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар судҳои иқтисодии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон қабули сайёри шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ доир гардид.

Сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил ва дар ин замина амали 4 нафар судяҳо дар назди Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ муҳокима карда, 2 нафар ба таҷрибаомӯзии 10 рӯза ба Суди Олии иқтисодӣ сафарбар гардида, малакаю дониши касбии худро бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асосноки судӣ, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ, тақвият бахшиданд.

Дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳо дар давраи ҳисоботӣ 9 нафар судяҳои судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе доир ба мавзӯҳои мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳо ва амалӣ (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор, хусусиятҳои хоси омодасозии парвандаҳои иқтисодӣ, таҷрибаи баррасии парвандаҳо оид ба барҳамдиҳии шахсони ҳуқуқӣ, баҳсҳое, ки аз муносибатҳои байни саҳмдорон ва иштироки ҷамъиятҳо ба вуҷуд меояд, омӯзиши санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, моликияти зеҳнӣ, баҳсҳои Хоҷагиҳои деҳқонӣ, баҳсҳо оид ба рӯёнидани маблағи кредитӣ аз ҳисоби амволи гарав, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.

Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бобати татбиқи дурусти меъёрҳои қонунҳои амалкунанда зимни баррасии парвандаҳо ва пешгирии қонунвайронкуниҳо 3 мурофиаҳои таълимии судӣ оид ба баррасии парвандаҳои иқтисодӣ ташкил ва ба воситаи Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи «Нерӯи қонун» ба намоиш гузошта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар Суди Олии иқтисодӣ машғулиятҳо оид ба омӯзиши забони англисӣ ба роҳ монда, идома дорад.

Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати қатъӣ қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 386 (285) муроҷиати шахсони воқеӣ ва намояндагони шахси ҳуқуқӣ ворид гардида, аз он 172 (110) аризаву шикоят, 25 (28) лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, 93 (58) адад супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат, 60 (15) дархост аз вазорату идораҳо, судҳо, мақомоти прокуратура, 12 (9) адад супоришҳои судҳои арбитражӣ, 1 (2) мактуби ИДМ, 23 (63) адад дигар пешниҳодҳоро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 172 (110) аризаву шикоятҳои воридгардида 171 адади он баррасӣ гардида, 1 ариза барои баррасӣ ба нимсолаи дуюми соли 2018 боқӣ мондааст.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳо нисбати ҳаракати судяҳо доир ба 7 муроҷиат ваҷҳҳои баёншуда тасдиқ гардида, амали 5 нафар судя мавриди муҳокима ва бинобар вайрон кардани муқаррароти меъёри ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, инчунин риоя накардани меъёри Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 2 нафар судя парвандаи интизомӣ оғоз ва барои баррасӣ ба Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд. Бо Қарорҳои Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 2 нафар судя муҷозот карда шудааст.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз 7 феврали соли 2009, таҳти №622 низ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар ин давра 2 (2) мавод мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо тибқи муқаррарот ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаҳо ва муаллифони мақола ҷавоб ирсол гардидааст.

Бобати таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар хусуси иттилоот оид ба фаъолияти судҳо сомонаҳои судҳои иқтисодӣ дар шабакаи интернетӣ фаъолият дошта, бо мақсади тақвияти сомона дар он саҳифаҳои нав роҳандозӣ намуда, айни замон ба шахсони иштироккунандаи парванда маълумот оид ба маҳал ва вақти баррасии парванда тариқи сомонаи судҳои иқтисодӣ дастрас гардида, баррасии муроҷиатҳо тариқи почтаи электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Ба беҳдошти вазъи иҷтимоию маишии судяҳо ва таъмини сатҳи зарурии шароити моддию техникӣ ва ташкилии судҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 6 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шуданд.

Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо дар судҳои иқтисодӣ дар ҳошияи дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, дар нимсолаи якуми соли 2018 аз судҳои иқтисодӣ 16 нафар кормандони дастгоҳи суд дар озмун барои ишғоли вазифаи коромӯз-судя иштирок намуда, аз ин шумора 5 довталаб аз ҷумла, 3 нафар духтарони болаёқат дар имтиҳонҳо ба натиҷаҳои хуб ноил гардида, ба вазифаи коромӯз судя таъин гардиданд. 8 нафар кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ тариқи озмун ва 2 нафар мутахассиси ҷавон дар асоси роҳхати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор қабул карда шуданд.

Таҳлили омор собит месозад, ки судҳои иқтисодӣ бобати амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсиониашон дар пешбурди адолати судӣ кӯшиш ба харҷ дода, ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ уҳдадориҳои давлатро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат таъмин менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба судҳои иқтисодӣ 1 829 (1 670) адад аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикояту дархостҳо ворид гардида, аз  ин шумора дар суди марҳилаи якум 1 242 (1 087) адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, 807 (860) адад парванда моҳиятан баррасӣ ва ҳалномаи судӣ қабул карда шудааст. Истеҳсолот доир ба 93 (141) парванда қатъ карда шуда, 70 (84) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 4 (2) адад парванда аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст. Қабули 15 ариза рад ва 253 аризаю шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 20 (12) парванда бо вайрон кардани муҳлати мурофиавӣ баррасӣ гардида, 16 (27) санади судӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва 6 (1) санади судӣ ба тариқи назоратӣ бекор карда шудаанд.

Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ сарбории судяҳо 1558 (1430) ададро ташкил дода, бекоршавии қарорҳои судӣ 22 (28) адад ва ё 1,4% (1,9%) буда, 6 адад ё худ 0,5 % кам гардидааст.

Ҳамзамон, дар ин муддат барои рӯёнидани зарар ба манфиати давлат ба маблағи 133 526 483,27 (772 741 869,46) сомонӣ ва 829 128,08 (2 469 476,62) доллари ИМА талабот арз гардида, аз ин шумора талабот нисбат ба 112 680 357, 76 сомонӣ ва 310 656,39 доллари ИМА (371 396 206,64 сомони) қонеъ гардида, оид ба рӯёнидани ин маблағҳо варақаи иҷро ба Вазорати адлия ирсол шудааст.

Натиҷаи иҷрои санадҳои судии қабулгардида мавриди омӯзиш қарор гирифта маълум гардид, ки дар нимсола ба буҷети давлат 9 797 548,26 сомонӣ (7 025 896,18 сомони) ва 62 доллари ИМА ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда воқеан пардохт карда шудааст.

Ғайр аз ин, бо санадҳои судии судҳои иқтисодӣ ба фоидаи давлат ҷамъ ба маблағи 3 390 030,99 (12 944 488,11) сомонӣ ва 162 218,62 доллари ИМА боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки бобати таъмини иҷро варақаи иҷро ба мақомоти салоҳиятдор ирсол гардида, иҷрои он таҳти назорат қарор дорад.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон 128 (68) парвандаҳо дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ гардидааст. Марбут ба парвандаҳои баррасигардида дар 84 (5) ҳолат вайронкунии қонун ошкор карда шуда, ҷиҳати бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба вайронкунии қонун оварда расонидааст, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор таъинотҳои хусусӣ бароварда, барои чораҷӯӣ ирсол карда шудааст.

Дар ин давра 23 (23) ҷамъбасти амалияи судии баррасии парвандаҳо гузаронида шуда, барои бартараф намудани сабабу омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳои роҳ додашуда 21 (6) пешниҳод ба мақомоти дахлдор ирсол гардидааст.

Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 461 (485) маротиба баромад доир гардида, дар матбуот ва сомонаҳо 86 (63) мақолаҳои илмию оммавӣ ба чоп расонидаанд.

Пас аз анҷоми пешниҳоди иттилоот намояндагони воситаҳои ахбори омма, оид ба баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар хусуси таъсиррасонӣ ба ҳалли парвандаҳо ва мустақилияти судҳои иқтисодӣ, баҳсҳои соҳибкорон бо мақомоти андоз, фаъолияти бонкҳои “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк”, ҳифзи ҳуқуқҳои пасандозгузорон, баррасии баҳсҳои сармоягузорони хориҷӣ, масъалаҳои кадрӣ, сабабҳои зиёдшавии шумораи парвандаҳои иқтисодӣ, вобаста ба парвандаҳои мушаххас, аз ҷумла, оид ба баҳси Ширкатҳои “Лен Хуа” ва “Азия Тур”, баҳси ширкати “Сникерс” саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки нишасти матбуотӣ дар фазои озоду ошкоро ва иштироки фаъолонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ҳамкории доимиро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма идома дода, дар оянда низ нишастҳои матбутиро дар муҳлатҳои муқарраргардида баргузор менамояд.

Напечатать страницу Напечатать страницу