Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729 бо иштироки мушовири калони бахши Ёрдамчии Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович намояндагони матбуоти даврӣ ва васоити ахбори оммаи кишвар, судҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодй нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Мавлуда Қаландарзода қайд намуд, ки ҷиҳати таъмини ошкорову шаффоф будани фаъолияти тамоми рукнҳои давлатй роҳандозй намудани ҳамкории доимй бо воситаҳои ахбори омма ва бо онҳо баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар идомаи нишасти матбуоти намояндагони воситаҳои ахбори омма, оид ба баҳсҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар хусуси таъсиррасонӣ ба ҳалли парвандаҳо ва мустақилияти судҳои иқтисодӣ, баҳсҳои соҳибкорон бо мақомоти андоз, баррасии баҳсҳои сармоягузорони хориҷӣ, масъалаҳои кадрӣ, сабабҳои зиёдшавии шумораи парвандаҳои иқтисодӣ,  саволҳои худро пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки нишасти матбуотӣ дар фазои озоду ошкоро ва иштироки фаъолонаи намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гардид.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ҳамкории доимиро бо намояндагони воситаҳои ахбори омма идома дода, дар оянда низ нишастҳои матбутиро дар муҳлатҳои муқарраргардида баргузор менамояд.

Маълумоти пурра оиди фаъолияти Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018-ро метавонед аз инҷо дастрас намоед.

 Маркази мартуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу