Бо мақсади ҷобаҷогузории дуруст ва ба кор қабул намудани кадрҳои болаёқат озмун баргузор гардид.

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷобаҷогузории дуруст ва ба кор қабул намудани кадрҳои поквиҷдону болаёқат озмун баргузор гардид.

Дар аввал бо мақсади муайян намудани дониши хатти ва сатҳи донистани забони тоҷикии довталабон аз онҳо санҷиши хатти (диктант бо забони давлатӣ)  гирифта шуд.

Дар озмун ҳайати комиссия, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Абдуҷаббор, Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадрҳо Исматзода А, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Гурез, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Ҷамшед  ва мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Далер ширкат намуда бо  21 довталаб аз руи ихтисосҳои дар озмун эълоншуда суҳбат гузарониданд.

Дар озмун довталабонро аз рӯи сатҳи дониши ҳуқуқии довталаб, донистани Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба мансаби ишғолшаванда алоқаманд, сатҳи дониши касбӣ ва қобилияти ояндабинӣ, донистани забони давлатӣ, таърих, фарҳанг ва муқаддасоти миллӣ, маҳорати суханронӣ, ифодаи фикр, донистани забонҳои хориҷӣ ва маҳорати кор бо технологияҳои электронии муосир баҳодиҳи намуданд

Мақсад аз гузаронидани озмун, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ мебошад

Натиҷаи озмун дар муҳлати муқараршуда эълон карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дар хусуси баргузор намудани озмун дар санаи 25-05-2018 ва намунаи саволҳо, ки аз тарафи роҳбарият тасдиқ гардида буд эълон ба нашр расида буд

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу