Даъват барои иштирок дар нишасти матбуотӣ

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи тасдиқгардида рӯзи 26 июли соли 2018 соати 11:00 дар толотри маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2018 нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.

Бинобар ин, ташрифи намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар вақт ва маҳалли таъингардида эҳтиромона интизорем.

 Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу