Гузаронидани шанбегӣ

Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба дар сатҳи баланд омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар шанбегӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, утоқҳои корӣ, долони бинои суд, инчунин гирду атрофи биноро аз партовҳо тоза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта гузаронида мешавад ва дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу