Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбӣ дарсҳои такмили ихтисоси судяҳо оғоз шуд.

Имрӯз  дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қисми 6 моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбӣ, гузаронидани такмили ихтисоси 13-нафар судяҳои судҳои иқтисодии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанберо шуруъ гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки   дарсҳо  аз 2 то 5 июли соли 2018 дар толори  Суди Олии  иқтисодӣ  баргузор  мегарданд 

Тибқи барномаи тасдиқгардида судяҳои бо таҷрибаи Суди Олии иқтисодӣ ба ҳайси устодон ба судяҳои даъватшуда  дарс мегуянд.

Муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодизода А.С, дар сухани ифтитоҳии худ, дар  кушодашавии  дарси аввал  қайд намуданд, ки  чунин таҷриба  бори аввал  ҷорӣ гардида, минбаъд судяҳои судҳои иқтисодӣ дар алоҳидагӣ ба такмили  ихтисос  фаро гирифта мешаванд. Инчунин иброз намуд, ки  дар муддати  пешбинишуда аз фурсати  дарсдиҳии  устодони собиқадор истифода  бурда,  тамоми кӯшиш ва малакаи касбии худро  барои омӯзишу  баланд бардоштани  малакаи  касбии худ равона  созанд.

Ғайр аз ин қайд гардид,ки мавзӯҳои  омӯзишии пешбинӣ гардида, мавзӯъҳои актуалӣ ва баҳсталаб буда танҳо ба фаъолияти касбии ҳаррӯзаи онҳо таъллуқ дорад.

Бинобар ин, дар охир  ба ҳамаи  онҳо  дар омӯзиши  мавзуҳои дар барнома  пешниҳодгардида  барору  комёбӣ орзу намуд.

Маркази матбуоти СОИ ТҶ

Напечатать страницу Напечатать страницу