
Имрӯз роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пос доштани ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Исмоили Сомониро бо 73-юмин солгарди таҷлили ҷашни таърихӣ табрик намуда, туҳфаҳои идона тақдим намуданд
Қайд карда шуд, ки дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Ғалабаи бузург дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ мебошад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон Рӯзи ғалабаро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони худ ва гиромидошти хотираи неки сарбозону афсароне, ки аз ҷабҳаи набард барнагаштанд, таҷлил мекунанд.
Дар охир ҳамаи иштирокчиёну собиқадорони ҷангу меҳнатро ба ифтихори Рӯзи ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, рӯзгори обод ва сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу намуданд.
Напечатать страницу