Давраи супоридани имтиҳонҳо барои номзадҳо ба вазифаи коромӯз – судя оғоз гардид

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври аввали супоридани имтиҳонҳо барои номзадҳо ба вазифаи коромӯз – судя оғоз гардид. Номзадҳо имтиҳони санҷиши хаттиро бо забони давлатӣ супориданд.

Тибқи талаботи банди 14 «Низомномаи комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз – судяҳо», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №866 тасдиқ шудааст ҳуҷҷатҳои 367 нафар довталаб барои ишғоли коромуз – судя қабул карда шуд, ки баъд аз омузиши ҳуҷҷатҳо аз ин теъдод барои 268 нафар барои супоридани имтиҳон иҷозат дода шуд.

Аз кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурӣ Тоҷикистон 18 нафар ба имтиҳон роҳ ёфтанд, ки 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи нақша 50 нафар коромӯз – судя қабул карда мешаванд, ки баъд аз итмом расидани муҳлати яксолаи таҳсил ба вазифаи судягӣ пешниҳод карда мешаванд.

Бо мақсади шаффоф баргузор гардидани имтиҳонҳои коромуз судя бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия ягонаи имтиҳоноти дар ҳайати ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, Муовини Раиси Суди Олӣ, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Муовини якуми Прокурори Генералӣ, Муовини якуми Директори Агентии хизмати давлатӣ, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муовини Директори маркази миллии қонунгузорӣ ва Декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ҳоло давраи дуюми супоридании имтиҳон барои довталабон идома дорад, ки тариқи шифоҳи аз руи соҳаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, меҳнат, маъмурӣ, оила, манзил, кодексҳои мурофиавӣ ва санадҳои ҳуқуқӣ байналмилали баргузор мегардад.

Маркази матбкоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу