
“ Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ
Даркушои кунӣ, на дарбандӣ”
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти кишвар рӯйдоди муҳими сиёсӣ ба шумор меравад. Паёме, ки бо зикри дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, арзёбии фаъолияти ҳар як самту соҳаи иқтисодию иҷтимоии кишвар, интиқоди камбудиҳои ҷойдошта ва баёни нақшаву дастурҳо ба кулли тоҷикону тоҷикистониён ифтихор бахшид.
Дар Паём дар баробари масъалаҳои муҳими соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ инчунин ба рушди туризм, таблиғи намунаҳои беҳтарини фарҳанги миллӣ тавассути сабти онҳо дар феҳристҳои ЮНЕСКО ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин самтҳо дар асл пайванди якдигар буда, бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми шарифи кишвар матраҳ шудаанд.
Маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннатӣ яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон маҳсуб мешавад. Кишвари мо дорои табиати зебою афсункор ва фарҳанги зебою нотакрор буда, метавонад ҳамасола ҳазорон сайёҳону табиатдӯстонро ба сӯи худ ҷалб созад. Аз ин хотир, аз ҷониби Сарвари давлат эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба пешрафту тараққӣ додани сайёҳӣ ва тақвият ёфтани касбу ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар заминаи мусоиде фароҳам овард.
Табиати зебо, фарҳанги маҳаллӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ аз даврони қадим аз омилҳои асосии ҷалби сайёҳону тоҷирон, мусофирон, ҷаҳонгардон ва зоирон будааст. Маҳз тоҷирону сайёҳон сабаб шудаанд, ки баъзе касбу ҳунарҳо аз як кишвар ба кишвари дигар интиқол ёбанд. Масалан, ҳунари коғазгариро савдогарони суғдӣ аз Чин овардаанд. Ё худ ҳунармандони тоҷик дар давраи ҳукмронии бобуриён ба Ҳинд муҳоҷират карда, ҳунари меъморӣ, кошинкорӣ ва кандакориро бо худ бурдаанд.
Имрӯзҳо ҳам яке аз омилҳои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон фарҳанги миллӣ ва маснуоти дастии ҳунармандон мебошад. Сайёҳони кишварҳои пешрафта аз армуғонҳои сунъии пластикӣ хаста шудаанд, онҳо ба он армуғон ва намунаҳои либосу маснуоти ороишии хона таваҷҷуҳ доранд, ки дастӣ ва аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таҳия шуда бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки туризмро ба яке соҳаҳои афзалиятнок ва даромадноки иқтисоди миллӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад шумораи мавзеъҳои сайёҳӣ дар кишвар рӯз то рӯз зиёд мешаванд, миқдори иншооти мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ва инфрасохторҳои ба талабот ҷавобгӯ афзуда истодаанд. Яке аз тадбирҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод кардани маҳсулоти косибону ҳунармандон мебошад. Ин ҳама тадбирҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушдиҳунарҳои мардумӣ андешида шудаанд.
Рушд додани ин ду соҳаи аҳамиятнок, ки воқеан ба ҳамдигар чун тору пуд пайванд мебошанд, дар оянда метавонанд ҳам барои ғанӣ гаштани буҷети кишвар ва ҳам барои некуаҳволии рӯзгори мардум мусоидат кунанд.
Воқеан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудани як силсила тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дарҳои Тоҷикистонро барои сайёҳон боз мекунад. Чунончи, аз пардохтҳои андозу гумрук озод кардани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ, ҳамчунин аз пардохти андоз озод сохтани ширкатҳои сайёҳӣ дар муддати панҷ соли аввали фаъолияташон бо мақсади тараққи додани ин соҳаи афзалиятнок дар ҷумуҳрӣ мебошад.
То 10 рӯзи корӣ тамдид кардани муҳлати бақайдгирии сайёҳон, инвесторҳо ва дигар хориҷиёне, ки барои ҳамкориҳо ба кишвари мо ташриф овардаанд, аз тадбирҳои хуби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин сол мебошад.
Инчунин сода кардани низоми раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ба кор андохтани шабакаи ягонаи электронӣ ба афзудани шумораи сайёҳон мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳақиқат, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим ба шумор меравад, ки даромади муйян ба буҷаи давлат ворид намуда, дар айни замон фарҳанги моддию ғайримоддӣ ва табиати зебои моро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва пешрафту тавсеи ҳунарҳои мардумӣ ба мо ваҳдати миллӣ, ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ лозим аст. Дар Тоҷикистони зеботабиат тамоми заминаю имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва омилҳои ҷалби сайёҳон, аз ҷумла, фарҳанги моддию ғайримоддӣ мавҷуд аст, ки метавонанд дар муддати кӯтоҳ ҷумҳурии моро ба як кишвари пешқадами ҷаҳон дар соҳаи туризм табдил диҳанд.
Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З.Т.
Напечатать страницу