Маросими савганд ёд намудани шахсоне, ки аз рӯи натиҷаи озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд

Имрӯз дар семинари машваратии назди роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маросими ботантана савганд ёд намудани хизматчиёни давлатие, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, доир гардид. Хизматчиён дар савганди худ қайд намуданд, ки тибқи талаботи “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсонва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб менамоянд.

Роҳбарияти Суд онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ҳамзамон ба хизмати содиқонаю софдилона, ҳифзи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун ва такмил додани донишу маҳорати касбии худ ҳидоят намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.

Напечатать страницу Напечатать страницу