Афсарон ва сарбозони беморхонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуданд

Бобати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 феврали соли 2018 ба беморхонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиа (қисми ҳарбии 08008) ташриф оварда, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбиро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику муборакбод намуданд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ дар дар рафти вохӯрӣ бо афсарону сарбозон дар беморхонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиа суханрони намуда қайд карданд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳкими қувваҳои мусаллаҳ ҳис карда мешуд, зеро давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат мебошад, вуҷуд дошта наметавонад. Ҳоло бошад мо бо сари баланд гуфта метавонем, ки Ватани азизамон дорои Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта ва интизоми қавидошта мебошад ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Инчунин зикр гардид, ки мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром ёд намуда, гиромӣ медоранд.

Ба ғайр аз ин,  ба афсарон ва сарбозони бемор меваҷоти тару тоза  ва шарбатҳо дастрас  карда шуд.

Матни табрикоти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ – бахшида ба 25 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар беморхонаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиа (қисми ҳарбии 08008)

Макази матбуоти СОИ ҶТ

Напечатать страницу Напечатать страницу