Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.
Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқарарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва Оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.
Бинои нави таълимӣ, ки дар арафаи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигаҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сарулибос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.
Дар ин факулта, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 инҷониб беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъолият доранд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ тамоми шароити заруриро муҳайё намудааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.

Инчунин, имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 – ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои мазкур аз се қисм, қисмати А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони иншооти мазкур 54 миллион сомонӣ сарф шуда, бинои истиқоматӣ тибқи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ бунёд шудааст.
Фармоишгари бинои мазкур Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд сохта ба анҷом расониданд. Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯии САНИИОСП” омода шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар баробари фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.
Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳр таровати дигар зам кунад, аз ҷониби дигар боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоут идораҳои давлатӣ дар пойтахт мегардад.
Ҳамасола бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат барои хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои давлатӣ манзилҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва аз сокинони хуштолеъ – кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатӣ даъват ба амал оварданд, ки ба ватан – модар содиқона хизмат намоянд.
Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 оилаи корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Манзилҳои истиқоматӣ дар маҷмуъ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва Кумитаҳо тақдим карда шуд.
Маҳз сиёсати бобарору бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол то сол бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ рушд намуда, барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.
www.president.tj
Напечатать страницу