Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа

Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Cуди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Паём меҳвари пешбарандаи ҷомеа” ва омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 мизи мудаввар доир гардид.  Маҷлисро  Раиси Суди Олии иқтисодӣ  муҳтарам Қаландарзода М.С. оғоз намуда қайд карданд, ки роҳбари давлат ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояии қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон бо Паёми навбатии худ тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун роҳнамои  ҳадафҳои  созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро  дар бар мегирад.

Боиси тазаккур аст, ки Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як ҳуҷҷати барномавӣ барои ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидории кишвар ва сохтору вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа гардида, дар натиҷаи амалӣ гаштани онҳо Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Зиндагии аҳолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, фазои созандагиву ободкорӣ рӯҳияи ҳар як шаҳрванди мамлакатро фаро гирифта, давра ба давра ҳадафҳои давлат дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ҳифзи аминияти озуқаворӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Зикр гардид, ки дар Паёми соли гузашта дастовардҳои Тоҷикистонро дар давраи бисту панҷ соли истиқлолияти давлатӣ муфассал баён карда буданд. Дар Паёми имсола бошад, таваҷҷуҳи аъзои маҷлиси миллӣ, вакилони маҷлиси намояндагон, аъзои ҳукумат, хизматчиёни давлатӣ ва дар ниҳоят мардуми шарафманди халқи Тоҷикистонро ба дастоварду камбудиҳои ҷойдошта ва вазифаҳо барои соли оянда ҷалб намуданд.

Дар Паёми имсолаи Президенти мамалакат доир ба масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷети давлатӣ махсус таъкид гардид, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин Сарвари давлат аз санҷишҳои беасосу такрорӣ изҳори нигарони карда, дар Паёми худ зикр карданд, ки мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст.

Аз ин лиҳоз, зарур ҳисобиданд, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад.

Ҳамчунин дар Паёми Сарвари давлат масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ибрози андеша гардид, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, тадбирҳои амалӣ андешида, минбаъд низ номзадии шахсони ҷавобгӯ ба талаботро ба вазифаи пурмасъули судягӣ пурзӯр намуда, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодиро танҳо тавассути озмун ба роҳ мемонад.

Ҳамзамон дар кори мизи мудаввар вобаста ба омӯзиши Паёми Пешвои миллат, судяи Суди Олии иқтисодӣ Азизӣ Ҷ. ва судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З. ва муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х. дар мавзӯҳои мухталиф баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Напечатать страницу Напечатать страницу