Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имзӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бобати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020  мизи мудаввар дар мавзўи “Пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар судҳои иқтисодӣ” доир гардида, мақсади асоси он гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба коррупсия ва хатари он дар байни кормандони дастгоҳи судҳо, иштироки фаъолона дар бораи решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.

Дар мизи мудаввар намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ва Маҷидӣ Абдукарим Асрориён иштирок доштанд.

Раиси Суди Олии иқтисодӣ Қаландарзода М.С. зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид намуданд, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа гардида, яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти ҷомеа мебошад. Мутаасифона соли равон афзудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти судӣ боиси нигаронӣ аст.

Давлату ҳукумати мамалакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2013  таҳти №1504 тасдиқ гардидани Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид, ки диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мегардад, зеро бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидаи Ҳукумат ҳанӯз ҳам ҳолатҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ кам нестанд.

Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот супориш доданд, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро танҳо тавассути озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи мақомот аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва татбиқи усулҳои муассири назорати дохилӣ чораҷӯӣ намоянд.

Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои сарвари давлат интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро дар сохтори судҳои иқтисодӣ бо риояи қонунҳои амалкунанда тавассути баргузор намудани озмун ба роҳ монда, барои тоза кардани сафи ин сохтор аз шахсони тасодуфӣ, риояи қатъии Кодекси одоби судяҳо ва Кодеки одоби хизматчии давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, аз ҷониби  судҳои иқтисодӣ дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахш ва самарабар ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.

Ҳамзамон дар кори ҷаласа сардори раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. ва сардори раёсати таъмини ташкили кори судҳ, ҷамъбасти амалияи судӣ, омори судӣ ва арзу шикоятҳои Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода З. дар мавзўҳои мухталиф баромадҳо намуда, иштирокчиёни  мизи мудаввар доир ба мавзӯҳои матраҳгардида, мубоҳисаҳо намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу Напечатать страницу