Имрӯз бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №967, Абдуллозода Зебонисо Файзулло ба вазифаи раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Саидзода Зулфия Саид ба вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ ба вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, Одиназода Ҷонфидо Халил ба вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон,Абдуллозода Фарҳод Нусратулло ба вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд, Қурбоншозода Нозигул Мастоншо ба вазифаи судяи суди иқтисодии ВМКБ таъин карда шуда, аз мансабҳои то инҷониб ишғолнамудаашон бозхонд ва озод карда шуданд.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъул таъин гардиданд, мулоқот намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯиношавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намуданд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонуният барору комёбӣ орзу намуданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу