Ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 – умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Роҳбарият ва намояндагони ҷавонони вилояти Суғд Сарвари хирадманди тоҷикон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо сарбаландӣ истиқбол гирифтанд.

Дар рӯзҳои таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ва пахши тугма ба фаъолияти калонтарин корхонаи металлургӣ, ки дар марҳилаи аввал истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо раванди коркарди маъдан ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якумин сабикаи металли сурб, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал истеҳсол гардид, тамғаи №1-ро гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол ҳанӯз моҳи апрели соли 2014-ум санги асос гузошта, барои бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб буда, дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он, ин шумора афзоиш хоҳад ёфт.

Теъдоди зиёди коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. То ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти саноатӣ беш аз 500 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.

Давоми соли равон дар баробари бунёди Корхонаи металлургӣ аз ҷониби ширкати мазкур барои таъмири роҳҳои мошингарди ҳудуди шаҳри Истиқлол 12 миллион ва навсозии як боғчаи бачагона 14 миллион сомонӣ харҷ карда шуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб ва мис чанд сол пеш дар корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистон оғоз ёфта буд. Ҳоло дар корхонаи мазкур беш аз 3 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар назди масъулин доир ба беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ ва рушди иҷтимоию фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар идомаи сафар ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» дар Ҷамоати шаҳраки “Палос”-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро барои таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ва бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинон муассир арзёбӣ карданд. Зикр рафт, ки коргоҳҳо дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардидаанд.

Тасмими мазкур дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлати Тоҷикистон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳри таъмини сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ бо амволи шайъӣ дар ҳудуди Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» рӯи даст гирифта шуд.

Тибқи нақша, дар коргоҳҳои мазкур либосҳо барои сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон, инчунин либоси мактаббачагон истеҳсол карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос” коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 230 ҷойи корӣ, коргоҳи пойафзолдӯзӣ бо 50 ҷойи корӣ, коргоҳи дӯхти камзӯлҳои зимистонаи пашмин бо 20 ҷойи корӣ ва коргоҳи дӯзандагии сарпӯшҳои тобистонаву зимистона ва либоси таҳпӯш бо 57 ҷойи корӣ дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Теъдоди умумии ҷойҳои нави кории ташкилшуда дар КДК «Палос» дар як баст 355 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора дар сурати дар ду басти корӣ роҳандозӣ шудани фаъолият ба бештар аз 700 нафар хоҳад расид.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолии ин коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бобати равнақи фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» ва истифодаи мақсадноки заминҳои дар тобеияти корхонаи мазкур буда, роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор сохтанд.

Напечатать страницу Напечатать страницу