17 июли соли 2026 дар бинои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори нишаст мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидмуродзода Хурсанд, роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар шаш моҳи аввали соли 2026 маълумоти муфассал пешниҳод кард. Зимни баромад масъалаҳои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, баланд бардоштани сифати адолати судӣ, рушди рақамикунонии соҳа, густариши истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки судҳои иқтисодӣ фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини дастрасии шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорӣ ба адолати судӣ, такмили хизматрасониҳои электронӣ, ҷорӣ намудани низоми суди электронӣ ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти судҳои иқтисодӣ саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ ба онҳо ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои ошкоро, созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, бори дигар аз омодагии судҳои иқтисодӣ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва таъмини шаффофияти фаъолияти ҳокимияти судӣ шаҳодат дод.
Напечатать страницу



