Варақаи иттилоотӣ оид ба баргузории нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодӣ

Дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки меҳвари онро волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини адолати судӣ ва таҳкими қонуният ташкил медиҳад, фаъолияти судҳои иқтисодӣ ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими эътимоди ҷомеа ба ҳокимияти судӣ ва татбиқи самараноки сиёсати ҳуқуқии давлат равона гардидааст.

Аз ҷумла, нимсолаи якуми соли 2026 дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратии судҳои иқтисодӣ ҷамъ 2 018 (1 924) адад парванда баррасӣ гардидааст.

Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 1 170 (1040) парванда, истеҳсолот доир ба 72 (62) парванда қатъ карда шуда, қабули 8 (8) ариза рад, 113 (105) аризаҳо бебаррасӣ мононда, 3 (4) парванда ва 3 (1) ариза аз рӯи тобеият ирсол карда шудааст.

Инчунин 172 (203) аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 197 (188) аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.

Дар марҳилаҳои кассатсионӣ 181 (147) парванда, назоратӣ 147 (159) парванда ва дар Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 2 (7) парванда баррасӣ карда шудааст.

Давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 1 428 817,21 сомонӣ (2 912 622,62) сомонӣ боҷи давлатӣ пешпардохт карда шудааст.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар дар ҳамин давра ба маблағи 253 119 448,83 сомонӣ (338 443 957,37 сомонӣ) талабот арз гардида, аз он 208 602 814,75 сомонӣ (175 683 627,34 сомонӣ) талаби даъво қонеъ гардида, ба маблағи 4 782 800,94 сомонӣ (3 909 389,44 сомонӣ) боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст.

Бобати таъмини иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида шуда, давраи ҳисоботӣ дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои салоҳиятдор иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёнидани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо дарназардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда, ҷамъ ба маблағи умумии 69 660 567,75 сомонӣ (167 917 141,95 сомонӣ)  таъмин гардидааст.

Бобати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, ба судҳои иқтисодӣ 17 (7) супоришҳои судӣ ворид гардида, иҷрои 5 (5) адади он таъмин карда шуда, 3 (1) адад бе иҷро баргардонида шуда, 9 (1) адад мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ғайр аз ин, 5 (6) дархост дар бораи эътироф кардан ва ба иҷро расонидани ҳалномаҳои судҳои хориҷӣ ва арбитражи хориҷӣ (арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва судҳои ҳакамӣ) ворид гардида, 3 (5) адади он қонеъ, 1 (1) адад баргардонида шуда ва 1 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.

 

Шахси масъул барои тамос Асрорзода З.

тел: 93 783 00 08

Напечатать страницу Напечатать страницу