ИШТИРОК ДАР КОНФОРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА ҲУҚУҚИ ЗАНОН

15 июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Занон дар низоми адолати судӣ: муколама, рушд ва адолат» баргузор гардид.
Дар кори конфронс Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои марбут ба таҳкими нақши занон дар низоми адолати судӣ, таъмини баробарии гендерӣ, мубориза бо табъиз, рақамикунонии мурофиаи судӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Конфронс бо табодули таҷрибаи судяҳо ва намояндагони як қатор давлатҳои хориҷӣ анҷом ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои он қатънома қабул гардид.

Напечатать страницу Напечатать страницу