ХАБАР ОИД БА БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ

17 июли соли 2026, соати 08:00 дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор мегардад.
Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори омма ба натиҷаҳои фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2026, маълумоти зарурӣ қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ дар сомонаи расмии судҳои иқтисодӣ — www.soi.tj ҷойгир карда шудааст.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма метавонанд ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ тавассути почтаи электронии суд — info@soi.tj дархост ирсол намуда, дар он насаб, ном, номи падар, номи воситаи ахбори омма ва суроғаи почтаи электронии худро зикр намоянд.

Напечатать страницу Напечатать страницу