Муҳтарам иштирокчиёни форум, олимону муҳаққиқон, намояндагони ҳокимияту мақомоти давлатӣ ва меҳмонони гиромӣ! Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо ба кори Форуми ҷумҳуриявӣ дар мавзуи муҳими «Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» хайрамақдам мегӯям.
Баргузории чунин ҳамоиши сатҳи ҷумҳуриявӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории муосир ва рушди босуботи ҷомеа аҳамияти хоса дошта, ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ — баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида шудааст. Ин масъала на танҳо як ҷанбаи назариявӣ ё таълимӣ, балки омили муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд нақши ҳалкунанда дорад.
Тавре маълум аст, дар шароити ҷаҳони муосир равандҳои ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳо, тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ ва афзоиши муносибатҳои мураккаби ҷамъиятӣ аз ҳар як давлат талаб менамоянд, ки низоми ҳуқуқии устувор ва ҷомеаи дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ дошта бошад. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун омили асосии таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими суботи сиёсӣ арзёбӣ мегардад.
Бояд таъкид намуд, ки давлати ҳуқуқбунёд танҳо бо мавҷудияти қонунҳои мукаммал муайян намешавад. Асоси чунин давлатро, пеш аз ҳама, сатҳи иҷрои қонунҳо, риояи онҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии ҷомеа ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва донишгоҳҳо, мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим мебошад. Зеро танҳо дар ҳамкории зичи ҳамаи ин ниҳодҳо метавон заминаи устувор барои ташаккули тафаккури ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ фароҳам овард.
Маърифати ҳуқуқӣ на танҳо донистани қонунҳо, балки дарк намудани моҳияти онҳо, эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулият дар назди ҷомеа ва давлат мебошад. Ин омил ба ташаккули шахсияти комил, рушди худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои муҳим ин пешгирии қонуншиканиҳо ва рафтори зиддиҳуқуқӣ мебошад. Дар ин самт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ҳамчун воситаи самараноки пешгирӣ ва коҳиши ҳуқуқвайронкуниҳо баромад менамояд. Чӣ қадаре ки сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бошад, ҳамон қадар эҳтимоли содир шудани қонунвайронкуниҳо коҳиш меёбад.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар самти таъмини волоияти қонун ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад менамояд. Ин раванд ба таҳкими адолати иҷтимоӣ, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва рушди устувори давлат мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, таҳкими низоми қонунгузорӣ, рушди барномаҳои таълимии ҳуқуқӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди татбиқи қонунҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошанд. Ин иқдомҳо барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқшинос ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки дар оянда низ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ боз ҳам тақвият дода шаванд. Зеро танҳо бо роҳи маърифатнокӣ ва фаҳмондадиҳии мунтазам метавон ба ташаккули ҷомеаи дорои тафаккури ҳуқуқии устувор ноил гардид.
Итминон дорам, ки кори имрӯзаи форум имконият фароҳам меорад, то олимону коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фазои озод ва созанда мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои судмандро ҷиҳати такмили сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд манзур намоянд.
Бовар дорам, ки натиҷаҳои ин форум ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳанд кард.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба ҳамаи шумо муваффақият ва сари баланд, инчунин, ба кори форум барор мехоҳам.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!
Муовини раиси Суди олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода С.О.
Напечатать страницу

