ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД»

30 июни соли 2026 намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – омили рушди давлати ҳуқуқбунёд», ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, иштирок карданд.
Форум бо мақсади таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ ва тарғиби волоияти қонун баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, судӣ, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро гирд овард.
Дар ҳамоиш масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нақши мақомоти давлатӣ дар таъмини қонуният ва тарбияи ҳуқуқии ҷавонон баррасӣ шуданд.
Иштироки намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо аз таваҷҷуҳи доимии мақомоти судии иқтисодӣ ба таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ шаҳодат медиҳад. Чунин ҳамоишҳо барои табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкории байни мақомоти давлатӣ аҳамияти муҳим доранд.

Напечатать страницу Напечатать страницу