26 июни соли 2026 дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти навбатии семинарии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори семинар роҳбарият, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, масъалаҳои мутобиқи нақша пешбинишударо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ низ баргузор гардида, маърӯзачиён тибқи нақшаи тасдиқшуда оид ба мавзӯъҳои муайяншуда баромад намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Зимни он масъалаҳои вобаста ба истифодаи низоми ягонаи байниидоравии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва такмили ҳамкории байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба тартиби татбиқи амалии онҳо тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод карда шуданд.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин семинарҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ ва рушди малакаҳои амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ аҳамияти муҳим дошта, мутобиқи нақшаи тасдиқгардида дар охири ҳар моҳ бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор карда мешаванд.
Напечатать страницу





