Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ.

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло рӯзҳои 24–26 июни соли 2026 дар кори Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Иштироки ҳайати судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ, мубодилаи таҷрибаи пешқадами судӣ, баррасии масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ, такмили амалияи судӣ ва таҳкими ҳамкориҳои касбӣ бо ҳокимияти судӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои марбут ба рушди низоми судӣ, такмили қонунгузорӣ, рақамикунонии фаъолияти мақомоти судӣ, баланд бардоштани самаранокии адолати судӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.Иштирок дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкориҳои хориҷии мақомоти судӣ, омӯзиши таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ва такмили фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад.

Напечатать страницу Напечатать страницу