РӮЗИ УМЕД БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тантанаи воқеии арҷгузорӣ ба ин қишри ояндасоз аст, зеро ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ бо иштироки ҷавонон ҳамоишу конфронсҳо ва барномаҳои бошукуҳи фарҳангӣ доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардида, барои дастгирй ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон як қатор барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва стратегияҳои муҳимми миллӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Ҳадафи асосии ин тадбирҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, фаъолияти касбӣ, рушди маънавию зеҳнӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа мебошад.
Барномаҳои давлатии марбут ба рушди ҷавонон, инчунин ба таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб миёни ҷавонон равона гардидаанд. Дар шароити муосир, ки ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо ба тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири амиқ мерасонанд, татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 аҳаммияти муҳим дорад.
Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» яке аз санадҳои муҳимми дигари ҳуқуқй ба шумор меравад, ки ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва тарбияи шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан равона гардидааст. Қабули ин қонун дар шароити муосир аҳаммияти махсус дошта, барои ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар маҷмуъ, қабули барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ дар самти ҷавонон бозгӯи он аст, ки давлат ба неру ва иқтидори ҷавонон эътимоди калон дорад ва ин қишри ҷомеаро ояндаи миллат мешуморад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз намудаанд, «Воқеан, имрӯз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, ворисони асили миллати тамаддунофари тоҷик, матину қавиирода ва далеру шуҷои мамлакат дар тамоми самту соҳаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо боварии комилу ғайратмандона хизмат намуда, дар пешрафти давлат ҳиссаи муносиб гузошта, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат намуда истодаанд».
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯз ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ низ саҳми назаррас доранд.
Барои мисол феълан дар Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои зертобеи он 111 нафар фаъолият доранд, ки 60 нафарашонро ҷавонони то 30-сола ва аз 31 нафар занон 11 нафарашон ҷавонон мебошанд.
Дар пайравӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ барои ҷавонони болаёқат ва фаъол шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ташаббусҳои созандаи онҳо ҳамеша дастгирӣ меёбанд. Ҷавонон дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, варзишӣ ва ҷамъиятӣ иштироки фаъолона дошта, дар таҳкими муҳити солими маънавӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ саҳм мегузоранд.
Ҳамзамон, роҳбарияти суд ҷавононро ба омӯзиши технологияҳои муосир, такмили ихтисос ва азхуд намудани таҷрибаи пешқадами
касбӣ ҳавасманд менамояд, ки ин раванд барои омода намудани кадрҳои ҷавони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад. Яъне, таваҷҷуҳи хоса нисбат ба ҷавонон дар судҳои иқтисодӣ бозгӯи он аст, ки ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат арзёбӣ гардида, онҳо минбаъд низ барои таҳкими адолати судӣ, волоияти қонун ва рушди давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар маҷмуъ, Рӯзи ҷавонон на танҳо иди насли ҷавон, балки рӯзи умед ба фардои дурахшони давлат ва миллат мебошад. Аз ин рӯ бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони соҳибмаърифат, ватандӯст ва созандаи мамлакат минбаъд низ барои таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиёт, волоияти қонун ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               Муминзода Қ.Қ.

Напечатать страницу Напечатать страницу