Имрӯзҳо такмили мунтазами қонунгузорӣ, хусусан, дар соҳаи маданӣ мувофиқи мақсад буда, рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки манфиатҳои субъектони он таъмин гардида, бо дарназардошти шарикии давлат баробар ҷорӣ карда шаванд. Маҳз, мақомоти қонунгузории кишвар дар доираи ҳаллу фасли муаммоҳои ҳуқуқии бамиёномада, баҳри таъмини ҳуқуқбунёдии ҷомеа, алалхусус дар самти муносибатҳои маданӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид намуда, қонунҳои навро қабул менамояд. Дар ин самт, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 декабри соли 2022, №1918 қабул гардида, аз 1 июли соли 2023 расман мавриди амал қарор дода шуд, ки санади асосии танзимкунандаи муносибатҳои молумулкӣ ба ҳисоб меравад. Асосҳои оғози ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ, принсипҳои он тамоми меъёрҳои ҳуқуқиро фаро гирифта, мақсаднокии ба танзимдарории муносибатҳои ҳуқуқии маданиро дар ҳамаи сатҳҳо таъмин менамояд.
Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои маданӣ тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз шартномаҳо, амалҳои ҳуқуқӣ, қарорҳои судӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба вуҷуд меоянд. Онҳо дар асоси озодии ирода, баробарӣ ва инсоф амалӣ шуда, ҳимояашон тавассути суд ё мақомоти ваколатдор бо тарзҳои барқарорсозии ҳолат, ҷуброни зарар ё эътирофи ҳуқуқ сурат мегирад. Муносибатҳои маданӣ ва тамоми ҷараёни бо он алоқаманд бидуни амали инсонтасаввур карда намешавад. Тамоми ҳастии инсоният бо амал ва фаъолияти муайяналоқамандӣ дорад. Амали шахс дар ҳама соҳаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла дар соҳаи муносибатҳои маданӣ, алалхусус, дар шароити рушди муносибатҳои бозорӣ барои расидан бамақсадҳои пешгузошта мусоидат менамояд.
Пеш аз ҳама, аз мазмуни истилоҳоти луғавӣ равшан мегардад, ки амал – ин фаъолият намудан буда, дар соҳаи муносибатҳои маданӣ амал кардан мавқеъ ва аҳамияти махсусро ишғол менамояд. Иштирокдорони муносибатҳои маданӣ бояд бо хоҳишу розигии худ мувофиқи талаботи қонун фаъолият баранд, зеро бидуни амали субъектҳо муносибат ба миён намеояд. Амал – ин факти ҳуқуқӣ ва яке аз объектҳои ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ мебошад. Амали инсон, алалхусус, дар соҳаи ҳуқуқи маданӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ дар асоси принсипҳои ҳуқуқ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мустаҳқам намудаанд, татбиқ мегардад. Мақомоти қонунгузор баробари қабул гардидани Кодекси маданӣ принсипҳои пешбарро дар он мустаҳкам намудааст.
Чӣ тавреаз мазмуни принсипҳоимуқарраргардидаи моддаи 3 КМ ҶТ бармеояд, баробарии иштирокдорони муносибатҳоиҳуқуқӣ, дахлнопазирии моликият, озодии шартнома, номумкин будани дахолатихудсаронаи ягон шахс ба корҳои хусусӣ, зарурати амалисозии бемонеаи ҳуқуқҳои маданӣ,таъмини барқарор намудани ҳуқуқҳои вайронгардидаи маданӣ ва ҳимояи судии ҳуқуқуманфиатҳо дар ҷомеаи маданӣ пешбинӣ гардидаанд.
Мувофиқи мазмуни банди 2 моддаи 3 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои маданиро бо ирода ва ба манфиати худ ба даст оварда, амалӣ менамоянд. Онҳо дар асоси шартнома барои муқаррар намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои худ ва муайян намудани шартҳои шартнома озоданд, ба шарте ки агар хилофи қонунгузорӣ набошанд. Хусусияти ҳуқуқии принсипи банди 3 моддаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми муқаррар, амалӣ ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои маданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои маданӣ иштирокдорони муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ бояд бовиҷдонона амал кунанд. Албатта, ишораи амали «бовиҷдонона» дар бисёре аз меъёрҳои Кодекси маданӣ ҷой дода шудааст. Ин имкон медиҳад, муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии ба баробарӣ, мухторияти ирода ва мустақилияти молумулкии иштирокдоронашон асосёфта, ки дар моддаи 2 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, бовиҷдонона татбиқ гарданд.
Ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ аз асосҳои пешбининамудаи қонун ва санади дигари ҳуқуқӣ, инчунин аз амали шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ ба миён меоянд, ҳарчанд дар қонун чунин аснод пешбинӣ нашуданд, вале тибқи асосҳои умумӣ ва моҳияти қонунҳои маданӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои маданиро ба миён меоранд. Мутобиқи ин ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ: а) аз шартномаҳо ва аҳдҳои дигари пешбининамудаи қонун, инчунин шартномаҳо ва аҳдҳои дигаре, ки гарчанде дар қонун пешбинӣ нашуда бошанд ҳам, хилофи он нестанд; б) аз санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар қонун ба сифати асоси ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ пешбинӣ шудаанд; в) аз қарори суд, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои маданиро муқаррар намудааст; г) дар натиҷаи бунёд ва ба даст овардани молу мулк дар асоси пешбининамудаи қонун, эҷоди асари илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ, ихтироот ва натиҷаҳои дигари фаъолияти зеҳнӣ; е) дар натиҷаи расонидани зиён ба шахси дигар, дорошавии беасос, инчунин дар натиҷаи ҳодисаҳое, ки қонун ё санади дигари ҳуқуқӣ фаро расидани оқибатҳои ҳуқуқии маданиро вобаста медонад, ба миён меоянд. Агар дар қонун тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқ ба молу мулке, ки бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад, аз лаҳзаи бақайдгирии ин молу мулк ё ҳуқуқи дахлдор ба он ба вуҷуд меояд.
Амалӣ намудани ҳуқуқҳои маданӣ набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи субъектҳои дигари ҳуқуқро вайрон намояд ва ба муҳити зист зиёни воқеӣ расонад. Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бояд оқилона, одилона ва боинсофона талаботи дар қонунгузорӣ дарҷёфтаро, принсипҳои ахлоқи ҷомеаро, соҳибкорон бошанд, қоидаҳои одоби касбиро риоя намоянд.
Ёрдамчии судя Зокирзода Н.И.
Напечатать страницу