Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид мегардад

Имрӯз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тағйиру иловаҳо моддаи 2 – ро фарогир буда, дар он илова намудани се сархати нав, яъне сархати панҷум бо мазмуни «- Иди Сада – 30 январ;» сархати шасту нуҳум «- Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр;» ва сархати ҳафтоду якум «- Рӯзи судҳо – 26 октябр» пешбинӣ гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки субъекти ҳуқуқии ташаббуси лоиҳаи қонуни мазкур доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ва муайян кардани рузи судҳо – 26 октябр, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С мебошад, ки дар давраи фаъолияти вакилиаш дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда буд.

Аз рӯи масъалаҳои баррасишуда Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон фикру андешаҳои худро иброз дошта, ҳамзамон таъкид карданд, ки ҳамаи масъалаҳои ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу