Вохӯрӣ бо намояндагони Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи рушд (IDLO)

Дар санаи 26 октябри соли равон соати 09.30 ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи рушд (IDLO) Алимардонов Абдуразоқ, Одинаев Фирдавс ва коршиноси байналмилалӣ Нурлан Алимбоев ташриф оварданд.

Дар натиҷа, аз ҷониби муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода З., роҳбари дастгоҳи суд Қаҳҳорзода Ҷ, ва сардори раёсат Асрорзода З. бо намояндагони ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор намуда, доир ба масъалаҳои таҷрибаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, масоили такмили қонуни мазкур бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки иҷрочиёни суд, инчунин таҳлил ва арзёбии эҳтиёҷоти иҷрочиёни суд ба бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият, донишу малакаи онҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадами ИДМ суҳбат ороста шуд.

Напечатать страницу Напечатать страницу