10 феврали соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бобати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва Нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025 оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, роҳбарият, судяҳо ва сардорони воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар соли 2025 маълумоти мухтасар манзур гардид.
Сипас намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма саволҳо пешниҳод намуданд, ки доир ба ҳар яки он аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ посухҳои мушаххас дода шуд.
Напечатать страницу





