Дар ноҳияи Спитамен таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндаи Суди Олии иқтисодӣ Асрорзода Зуҳуриддин ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҳир Толибзода иштирок намуданд. Муовини якуми раиси ноҳия Ҷовид Муҳаммадназар ҳисобот дода, дар бораи дастовардҳо ва пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои соли гузашта маълумот дод.
Таъкид гардид, ки соли 2025 барои ноҳияи Спитамен як соли муҳим дар рушди соҳаҳои гуногун буд. Дар соҳаи кишоварзӣ барои афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва рушди корхонаҳои хурд тадбирҳои ҷиддӣ андешида шуданд. Хусусан, таваҷҷӯҳи махсус ба беҳтар кардани истеҳсоли маҳсулот ва афзоиши таъсиси корхонаҳо, ки бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, равона гардид.
Дар ҳамин замина, барои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ низ тадбирҳои назаррас андешида шуданд.
Дар интиҳо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода натиҷаҳои зикршударо таҳлил намуда, афзуд, ки мақсад дар оянда ҳамчунон баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини рушди устувор ва рушди бахшҳои иқтисодӣ бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳубини муҳити зист ва беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ мебошад.
Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбуки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.
Напечатать страницу




