Иқдоми нек дар арафаи Соли нав

Дар идомаи сафари корӣ раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебуниссо Абдуллозода ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз қисми ҳарбии 0230 боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид бо шароити хизмату зисти сарбозон шинос шуда, бо афсарону хизматчиёни ҳарбӣ суҳбат анҷом дода шуд. Меҳмонон ба фаъолияти қисми ҳарбӣ баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки ҳифзи Ватан ва таҳкими қудрати мудофиавии кишвар аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Ба муносибати Соли нав ба сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар дар Ҷамоати деҳоти Куруш як оилаи ниёзманд аёдат карда шуд. Зимни мулоқот ба аҳволи рӯзгори онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дастгирӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Илова бар ин, дар Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев собиқадори соҳаи матбуот Ато Боқӣ мавриди аёдат қарор гирифт. Зебуниссо Абдуллозода ва Темурҷон Нӯмонзода саҳми арзандаи ӯро дар рушди матбуоти кишвар қадр намуда, ба собиқадор тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд ва ба ӯ саломатии бардавом орзу намуданд.
Ин гуна иқдомҳо нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар ба қишрҳои гуногуни ҷомеа, хосса хизматчиёни ҳарбӣ, оилаҳои ниёзманд ва собиқадорони соҳаҳои гуногун маҳсуб меёбад.

Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбуки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.

Напечатать страницу Напечатать страницу