Парчами давлатӣ – ифодаи истиқлолияти давлатӣ ва  рамзи озодии миллати тоҷик

Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон пас аз ба истиқлолияти давлатӣ расидан Парчами давлатии худро дар соли 1992 қабул намуд. Зеро Парчам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ нақши хеле бузур дошта, далели давлати соҳибихтиёри тоҷикон аст ва хушбахтона, имрӯз кулли ҷавонони мо ба ин рукни муҳими давлатдорӣ эҳтироми хоса доранд. Дар баробари Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатдории Тоҷикистон мебошад. Парчам баёнгари ҳусният, ифтихори миллӣ ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои миллиамонро таҷассум намудааст. Парчам дар тӯли садсолаҳо мояи ифтихору ғурури гузаштагонамон буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати пурра доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чи ҷонбозиҳое кардаанд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои дерин маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад. Парчами миллии Тоҷикистон имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ барафрохта шудааст, ки ифтихори ҳар яки мо мебошад.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик, хусусан ҷавонони шуҷои кишвар аз Парчами миллии худ ифтихор менамоянд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Бигзор, Парчами давлатӣ, ки файзи истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавафшон бошад!

Ёрдамчии судяи Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Қурбонова Мадина

Напечатать страницу Напечатать страницу