Иштироки намояндагони Суди Олии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миззи мудаввар оид ба таъмини пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист омили рушди устувори ҷомеа
18 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази Орхусӣ дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Табиат» ва бо ҷалби мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нозирон-мутахассисони Раёсати кулли ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, аъзои клуби ихтиёриёни экологӣ ва намояндаи Департаменти муҳити зисти САҲА дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таъмини пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун омили рушди устувори ҷомеа» баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 Конвенсияи Орхусро имзо намуда, дар робита ба иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифташуда, Марказҳои Орхусии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат чорабиниҳои зиёдеро баргузор менамоянд.
Дар конференсия кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳодзода В.Ф. ва Шарипова С. бо маърӯза дар мавзӯи «Адолати судӣ дар ҳифзи муҳити зист: амалӣ гардидани принсипи 3-юми Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштирок намуданд. Ҳангоми баромад зикр гардид, ки ҳуқуқҳои экологӣ дар Тоҷикистон қисми муҳими ҳуқуқи инсон буда, ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон тавассути ҳифзи муҳити зист равона шудааст. Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид, ҳуқуқ ба иттилооти вобаста ба вазъи экология, инчунин ҳуқуқи барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда тавассути мақомоти судӣ медиҳанд. Судҳо дар ҳифзи ин ҳуқуқҳо нақши калидӣ дошта, адолат ва риояи меъёрҳои қонуниро таъмин намуда, манфиатҳои шаҳрвандон ва ташкилотҳои аз зарари экологӣ зарардидаро ҳифз менамоянд.
Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи манфиатҳои экологӣ ва таъмини риояи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист нақши муҳим доранд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён мавзӯъҳои зеринро шунида, муҳокима намуданд:
• «Ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо мақомоти давлатӣ»,
• «Маърифати ҳуқуқӣ – омили асосии ҳифз ва солимии муҳити зист»,
• «Нақши Марказҳои Орхусии Тоҷикистон дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
• «Адолати судӣ дар ҳифзи муҳити зист: амалӣ гардидани принсипи 3-юми Конвенсияи Орхус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
• «Пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ дар мисоли фаъолияти нозирони Раёсати кулли ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе»,
• «Мушкилоти дастрасӣ ба адолати судӣ, марбут ба Конвенсияи Орхус».
Баъди шиносоӣ бо маърӯзаҳо иштирокчиёни мизи мудаввар андеша ва пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва амалӣ гардонидани принсипҳои Конвенсияи Орхус баён намуданд.
Напечатать страницу


