Чорабинӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21-уми ноябри соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Абдуллозода З.Ф. оғоз гардида қайд намуданд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои муҳиму муқаддастарини миллӣ ба шумор меравад, ки ҳамасола 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад, ки ин ҷашн барои ҳар як сокини кишвар рамзи эҳтиром ба таърих, эҳёи давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва мақому манзалати давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ қабул гардид, ки қабули Парчам дар он рӯз на танҳо тасдиқи рамзи давлатӣ, балки эҳёи маънавӣ ва сиёсии миллат, худшиносӣ ва оғози марҳилаи навини давлатдории тоҷикон гардид. Рӯзи Парчам барои ҳар як шаҳварнди кишвар имконест, ки ба гузаштаи пурифтихори миллат фахр намояд, арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатиро пос дорад ва дар бораи арзиши истиқлолият, сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ ҳиссагузор бошад. Парчам рамзи он аст, ки миллат метавонад бо меҳнат, бунёдкорӣ ва рӯҳи ватандӯстиву худшиносӣ ба ояндаи равшан равона шавад. Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо нишони давлати имрӯза, балки идомаи тамаддуни куҳани ориёӣ, мероси фарҳангии бузург, шаъну шарафи халқ ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад.
Дар идомаи чорабини судяи Суди Олии иқтисодӣ Одиназода Ҷ.Х. ва корманди дастгоҳи суд Раҳмонализода Т. оид ба таърих, моҳият ва аҳамияти парчам маърӯза намуданд.

 

Напечатать страницу Напечатать страницу