5 ноябри соли равон бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 31 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 соли фаъолияти босамари судҳои иқтисодӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Судҳои иқтисодӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини адолати судӣ дар меҳвари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кори конференсия Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, собиқадорони соҳа, кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зебонисо Файзулло ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории чорабинии мазкурро ба саҳми ҳозирин расонида, таъкид намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи бунёдгузори воқеии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ифодаи олии иродаи мардуми сарбаланди тоҷик 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва он поягузори давлату давлатдории навин, таъминкунандаи асосҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа буда, дар эҳёи давлати навини тоҷикон нақши сарнавиштсоз дорад. Инчунин, судҳои иқтисодӣ зода ва ҳамқадами даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тӯли фаъолият, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, муассиса, корхона, ташкилот ва ғайра рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, ба яке аз рукнҳои боэътимод ва кафили таъминкунандани волоияти қонун ва адолати судӣ табдил ёфтааст.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода баромада намуда, иброз доштанд, ки меъёрҳои Конститутсия кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошанд. Аҳамияти махсуси Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ, ки арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондустонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос карда, рукнҳои давлатӣ – ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро муайян, салоҳият ва ваколатҳои онҳоро танзим намудааст, ки вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Ҳамзамон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду суханронӣ намуда, адолати судиро дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз воситаҳои асосӣ ва боэътимоди ҳалли баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд номиданд.
Дар ҷараёни конференсия Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Рустам Пираҳмад қайд намуданд, ки бо қабули Конститутсия дар ин давра баробари дигар самту соҳаҳо ва аркони давлатдорӣ мақомоти судӣ, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи меҳварӣ дорад, рушду такомул ёфт. Дар таърихи ҷумҳурӣ ин аввалин санаде буд, ки ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатии танҳо ба Конститутсия ва қонун итоаткунанда эътироф кард. Илова ба ин, амалишавии принсипи волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, дар фаъолияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун мақоми ба амалбарорандаи адолати судӣ таҷассум меёбад. Тибқи Конститутсия, аз тарафи давлат ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафолат дода шуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардидааст, ки ин ба фаъолияти ҳокимияти судӣ алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Дар идомаи конференсия маърӯзаҳои аввалин Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Файзулло, собиқадорони соҳа Абдуллозода Нусратулло, Ширинҷон Мародбегим Мирзоҷон ва Ғоибназар Амирхоҷа, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек, муовини раиси Суди конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимзода Дилором, сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ ва маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзода Каъбатулло Нарзулло, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон Тоҳир, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоҷонзода Исрофил Ҳусен, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Изатулло Тешаевич шунида шуд.
Конференсия дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандорӣ баргузор гардида, як қатор иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Ифтихорномаи Суди Олии иқтисодӣ сарфароз гардонида шуданд.
Напечатать страницу



















