Баромади судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қ.Қ. дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯз мо дар рӯзи муқаддасу сарнавиштсози миллатамон — 34-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаем. Маълум аст, ки истиқлолият  танҳо як сана дар тақвим нест, балки рамзи бузурги озодӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти ҳамешагии ҳар як фарди ҷомеаи кишвар мебошад.
Дар таърихи ҳар миллат лаҳзае мерасад, ки бояд мустақилияту худшиносӣ ва худидоракуниро ба даст орад. Барои мо тоҷикон, ин лаҳза 9 сентябри соли 1991 фаро расид. Аз ҳамон рӯз имкон дошт, ки зери парчами давлатдории миллӣ на танҳо ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, балки тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷомеа низ тағйир ёбад. Мутаассифона ҷанги шаҳрвандӣ ин имконро барҳам зад, балки то ҷое дар зеҳни одамон истиқлолияту озодиро то андозае ба мафҳуми манфӣ табдил дод. Танҳо ҳузури шахсияти сиёсие чун Пешвои миллат имкон дод, ки мардум ба дарки амиқи истиқлолият бирасанд. Барои ҳамин нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои истиқлолият сарнавиштсоз арзёбӣ мешавад.  Зеро маҳз бо сиёсати дурандешона, иродаи қавӣ ва хиради давлатдоронаи ӯ Тоҷикистон тавонист аз санҷишҳои сангини солҳои аввали истиқлолият гузарад, сулҳу суботро барқарор намояд ва бунёди давлатдории навини миллиро поягузорӣ кунад. Аз ҳамин ҷост, ки бархе таҳлилгарон ва сиёсатшиносон беҳуда намегӯянд, ки истиқлолияти асосиро Тоҷикистон пас аз иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қудрати сиёсӣ расид, соҳиб шуд.
Бегуфтугӯ, истиқлолият, пеш аз ҳама, озодии интихоб аст. Яъне интихоби роҳ, интихоби арзишҳо ва интихоби сарнавишт. Ин озодӣ моро водор месозад, ки масъулияти муҳимро ба дӯш бигирем. Яъне масъулият дар назди гузашта, ки орзуи давлатдории моро бо хун ва ҷон ҳифз кардаанд. Масъулият дар назди имрӯз, ки бояд оромиву суботро устувор нигоҳ дорем ва масъулият дар назди фардо, ки барои насли нав ба мерос хоҳад монд.
Дар ин раванд, низоми судӣ яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Зеро бидуни адолат истиқлолият маънои комил пайдо намекунад. Суд ҳамчун ниҳоди адолат нигаҳдори қонуният ва кафолати баробарӣ дар ҷомеа аст.
Махсусан дар даврони истиқлолият, бо рушду густариши иқтисоди миллӣ ва пайдоиши муносибатҳои нав, зарурати муассисаҳои адлияи иқтисодӣ бештар эҳсос гардид. Барои ҳамин, судҳои иқтисодӣ ба як унсури ҷудонопазири иқтисоди бозорӣ табдил ёфтанд. Акнун онҳо на танҳо баҳсҳои тиҷоратӣ ва молиявиро ҳал мекунанд, балки муҳити ҳуқуқии мусоид барои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкориро фароҳам месозанд. Ба ибораи дигар, онҳо кафолат медиҳанд, ки муомилоти иқтисодӣ танҳо бо роҳи қонун, на бо қувва, танзим гардад.
Истиқлолият барои мо танҳо дастовард нест, балки имтиҳон ҳам ҳаст. Имтиҳонест, ки то чӣ андоза метавонем арзишҳои адолат, қонун ва озодиро дар амал татбиқ намоем. Аз ин ҷост, ки барои ҳар як корманди мақомоти судӣ, ҳар қарори қабулшуда на танҳо як парвандаи алоҳида, балки хиште дар бинои истиқлолият аст.
Бигузор дар рӯзи таҷлили 34-солагии истиқлолият ҳамаи мо бо дили соф ва виҷдони бедор савганд ёд кунем, ки ин сармояи бузургро ҳифз мекунем, ба наслҳои оянда поку солим мерос мегузорем ва адолатро чун нури равшани истиқлолият ҳамеша нигоҳ медорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ҷашни фархундаи истиқлолиятро ба ҳар яки шумо муборакбод мегӯям!

Судяи Суди Олии иқтисодӣ                  Қутбиддин Мӯминзода

Напечатать страницу Напечатать страницу