29 августи соли 2025 дар робита ба иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №7638 (26.5) аз 19 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, инчунин намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Кодекси андоз, рақамикунании соҳа ва татбиқи хизматрасонии давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ машварати корӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни он, доир ба рақамикунонии соҳа ва хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ мубоҳисаҳо ва саволу ҷавоб доир гардида, аз ҷониби масъулин ба онҳо посух гардонида шуд.
Семинар – машварат дар мавзуи “Муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатии мақомоти андоз дар шакли электронӣ” бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Намояндагони Кумитаи андоз дар баромадҳояшон оид ба моҳияти тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикитон ва тарзҳои хизматрасонии электрониро ба ҳамаи субъектҳои андозсупоранда, фаҳмонида доданд.
Напечатать страницу



