Бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи ин боздид, гурӯҳи корӣ аз деҳоти Сарбанд ва Тағояк дидан намуда, бо ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ва иҷрои корҳои ободонӣ аз наздик ошно гардиданд.
Зимни шиносоӣ, ба иқдомҳои созандаи мақомоти маҳаллӣ ва сокинони деҳот дар самти ободонии маҳал, таъмиру навсозии иншооти иҷтимоӣ, сохтмони иншооти нави маишиву хизматрасонӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори муҳити зист баҳои баланд дода шуд.
Гурӯҳи корӣ таъкид намуданд, ки омодагиҳо ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳоти зикршуда мутобиқи талабот ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстона идома дошта, саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин раванд назаррас мебошад.
Дар ҷараёни боздид масъулин ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба рафти корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъда ба гурӯҳи корӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол дар ноҳияи Спитамен даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва хоҷагидорӣ ба истифода дода мешаванд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон нақши муассир хоҳанд дошт.
Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.
Напечатать страницу







