“Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф менависанд.
Экстремизм мафҳумест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст.
Шаклҳои зиёди экстремизм ба монанди: сиёсӣ, миллатгароӣ, динӣ, наврасон ва ҷавонон, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, маънавӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.
Экстремизми миллатгароӣ – ғояҳои радикалӣ, таҳамуллнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гуруҳҳои этникӣ, миллатҳо, гуруҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид – терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ – қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, “ҳақ будани як таълимоти динӣ”, кушиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон – назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбати дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ – назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидаткунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ ҳатто нисбати шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ – назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбати ташкилотҳои ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зидди ҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта, иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ – таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмӯи талаботҳои маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра мебошад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:
- сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ;
- моддӣ;
- идеологӣ;
- хоҳиши табадулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
- пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
- ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
- коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ;
- хусумати шахсии роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, байни шахсиятҳои сиёсӣ;
- поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
- дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
- фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1-уми Конститутсия худро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, онро ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда, дар моддаи 100-уми Конститутсия бошад, онро ҳамчун омилҳои тағйирнопазир донистааст, ки тибқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992–1997 мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстримизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” аз 8 декабри соли 2003 № 69 cубъектҳои бар зидди экстремизм муборизабаранда мақомоти давлатии зерин мебошанд:
– Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди экстремизм бо тартиб ва шароитҳои пешбининамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Мақомоти прокуратура дар доираи ваколатҳои худ иҷроиши қонунҳоро оиди мубориза бар зидди экстремизм назорат мебаранд.
Қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир кардани ҳаракатҳои экстримистӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Содир кардани амалҳои экстримистӣ ҳамчун ҷиноятҳои муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ эътироф карда шуда, дар моддаҳои 307(1)-307(4) ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ташкилотҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)” аз 31 августи соли 2007 таҳти №7 барои экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф намудани фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ, фаъолияти ҳизб, ҳаракат ё дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ муқаррар намудан лозим аст, ки ҳаракатҳои онҳо барои ба тарзи маҷбурӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ҳалалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарар расонидан ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ё аз худ намудани салоҳияти ваколатҳои ҳокимият, ташкил кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, ангезонидани муноқишаҳои нажодӣ, миллӣ ё динӣ, инчунин муноқишаҳои иҷтимоӣ, ки ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ алоқаманд аст, паст задани шаъни миллӣ, ба амал овардани бетартибиҳои оммавӣ, авбошӣ ва харобкорӣ бо сабабҳои душманӣ ё бадбинии идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва ё бо сабабҳои бадбинӣ ё душманӣ нисбати ягон гурӯҳи иҷтимоӣ, ташвиқот оид ба бартарӣ доштан ё номукаммалии шаҳрвандон бе хусусиятҳои муносибати онҳо ба дин, тамоюли иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва ё забонии онҳо, даъватҳои оммавӣ барои амалӣ гардонидани фаъолияти мазкур ё иҷрои амалҳои номбаршуда, маблағгузорӣ ба фаъолияти мазкур ё расонидани кӯмак барои амалӣ гаштани он, ҷудо кардани манзил, базаҳои таълимӣ, полиграфӣ, моддӣ-техникӣ барои амалӣ шудани ин фаъолият, равона карда шудааст.
Бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқии байналмилалӣ такмил медиҳанд.
Мутахассис Саидова М.
Напечатать страницу