Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бо гузашти замон дар таърихи давлатдории тоҷикон дар даврони 33 соли Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми ҷавонон боз ҳам густурдатар ба назар мерасад. Ин нуқта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, аз ҷумла ишорат шудааст, ки ҳар гуна тадбире дар мамлакат андешида мешавад, пеш аз ҳама, ба манфиати ҷавонон ва барои беҳбудии ҳаёти онҳо амалӣ мегардад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” ва дар ин замина таъсис ёфтани Кумитаи кор бо ҷавонон аз ҷумлаи чунин тадбирҳои муҳим маҳсуб мешавад.

Таваҷҷӯҳ ба таърихи давлатдории Тоҷикистон дар даврони таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ин амрро ба таври воқеӣ ба субут мерасонад, ки масъалаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози фаъолияти Пешвои миллат, аз ҷараёни баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Вобаста ба ин, даврабандии ташаккули сиёсати давлатии ҷавононро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки соли 1993 cурат гирифт, метавон муқаррар намуд, ки баъдан дар заминаи он ташаккул ёфтани раванди сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа нақш ва ширкати ҷавононро муқаррар сохтааст.

Вақте сухан дар мавриди марҳалаи аввали ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ меравад, бояд таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун омили муассири коҳиши вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ба эътибор гирифта шавад, ки албатта он пеш аз ҳама ба ҳаёти ҷавонон аз ҳар ҷиҳат таъсири манфӣ расонидааст. Ин таъсир дар навбати аввал дар гумроҳшавии ҷавонон ва бар асари он талафоти зиёди ҷонӣ дидани ин насли фардосоз дар айёми ҷанги шаҳрвандӣ ба зуҳур мерасад, ки албатта ба раванди татбиқи сиёсати мазкур то ҷое таъсиргузор омад.

Гузашта аз ин, саҳм ва мақоми ҷавонон дар татбиқи қонуну барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ хеле муҳим ва назаррас арзёбӣ мешаванд, ки дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон асноди фаровоне ин ҳақиқатро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Дар марҳалаи бадастории сулҳу субот бо азму иродаи қавӣ дар қатори насли калонсол дар бунёди давлати орому осоишта, аз ҷумла созгории ваҳдати миллӣ саҳми хеле муносиб гузоштанд. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон ҷавонон адои хизмати ҳарбӣ карда истода, машғули ҳифзи марзу буми давлат мебошанд, дар ҳоле ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин рақам хеле кам, зимнан ҳифзи комили кишвар аз қувваҳои берунӣ дар гумон буд.

Сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши рӯшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва тарбияи аксари онҳо дар рӯҳияи худогоҳӣ аз ин амри муҳим дарак медиҳад.

Бо шукӯҳи хосса таҷлил гардидани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки аз соли 1998 то кунун ҷараён мегирад, худ падидаи нодире ба шумор меравад, ки сиёсати давлати кунунии тоҷиконро дар ҷодаи эҳтиром ва ғамхорӣ нисбат ба насли наврас ифода менамояд. Дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонони болаёқат ҷоизаҳои махсуси илмӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷоизаҳо дар риштаҳои илм, маориф, адабиёт ва ҳунар таъсис ёфтаанд.

Аз файзу баракати Истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.

Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамаи мардуми шарифи кишварро ба рӯзи ҷавонон муборакбод намуда, саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзгор, зиндагии хушу хуррам ва дар ватани азизамон Истиқлолияти ҷовидониро орзу менамоям.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон:                                             Саидзода З.С.

Напечатать страницу Напечатать страницу